Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА ҷонибдори бознигарии парвандаи рӯзноманигор


Созмони Амнияти ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз ҳукумати Узбакистон даъват кардааст, парвандаи ҷиноии рӯзноманигор Дилмурод Саидовро, ки бо ҷурми пулситонӣ ва тақаллуб ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, мавриди бознигарӣ қарор диҳад.

Дар паёме ба вази ри корҳои хориҷии Узбакистон Владимир Норов Миклош Ҳарастӣ намояндаи воситаҳои ахбори умум дар САҲА навиштааст, ки ӯ аз ҳукми Саидов нигарон аст.

Ба қавли Ҳарастӣ дар муҳокимаи пушти дарҳои баста вакили мудофиаи Саидов ҳузур надошт ва аслан муҳокима ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд.

Саидов мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо мақсади қассос ин парвандаро бар зидди ӯ раҳандозӣ кардаанд, зеро ӯ дар тӯли солҳо онҳоро мавриди интиқод қарор додааст.
XS
SM
MD
LG