Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари нави НАТО ба Афғонистон рафт


Дабири нави кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен имрӯз бори аввал ба ҳайси раҳбари ин паймон аз Афғонистон зиёрат кард. Дар изҳороти НАТО омадааст, ки Расмуссен бо президентИ Афғонистон Ҳомиди Карзай ва дигар мансабдорони баландпояи афғон дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ӯ ҳамчунон бо фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) генерал Стенлӣ Маккристал вохӯрда, дар манотиқи мухталифи Афғонистон бо кору шароити хидмати сарбозону гурӯҳҳои масъули эҳёи хоҷагии Афғонистон мулоқот мекунад. Ҷои ёдоварист, ки ISAF таҳти сарварии нерӯҳои паймони НАТО амал мекунад.

XS
SM
MD
LG