Пайвандҳои дастрасӣ

Хишти нахустини шаҳраки Шоҳтемур - маркази ояндаи ноҳияи Шуғнон дар соли оянда дар Рӯзи Ваҳдат ва бо ширкати президенти кишвар гузошта мешавад.

Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ба таъхир афтодани маросими гузоштани хишти нахустини шаҳраки Шоҳтемурро, ки қарор буд, дар доираи таҷлили 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур тобистони имсол гузошта мешуд, ба номукаммалии таҳияи қарорҳо дар мавриди кӯчондани маркази ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба мавзеъи Поршневи ноҳияи Шуғнон марбут донист.
Раиси вилоят гуфт, иштибоҳан ба таври мушаххас дарҷ нашудани вожаи Миденшор - деҳае, ки дар он маркази ояндаи бунёд мегардад ва зарурати ислоҳи он боиси аз сар рӯ овардани вакилони парлумони кишвар ба ин қарори қаблан батасвибрасида гардидааст.

Аз сӯи дигар, гузоштани муҷассамаи Шириншо Шотемур дар маркази вилоят, ки интизор мерафт, тобистони имсол сурат бигирад, низ ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи раиси вилоят, ба манзури навсозии осорхонаи Шотемур 350 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуда, пас аз чанде осорхона ба қабули меҳмонҳо тайёр хоҳад шуд. Раиси вилоят гуфт, ки ҳамчунин пайкараи Шотемур бо пули вазорати фарҳанг сохта шуда, пайкарагузорӣ ва дигар маросими марбут ба таҷлили зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон дар моҳи октябр баргузор мегарданд.

Аммо пайкараи Шотемур дар маркази вилоят на ҷои ҳайкали Ленин ва на ҷои ҳайкали Аскари номаълумро мегирад, балки дар як гӯшаи боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ қомат меафрозад. Ба гуфтаи раиси вилоят, пешниҳоди онҳо ин буд, ки пайкараи Шотемурро ба ҷои муҷассамаи Ленин дар майдони Ваҳдат гузоранд, аммо бо баъзе сабабҳо аз ин иқдом даст кашиданд.

Ба гуфтаи коршиносон, эҳтимол меравад, ки то зудуда шудани маҳбубияти “доҳии пролетариати ҷаҳон” аз хотири наслҳо муҷассамаи Шириншо Шотемур то дер гоҳ дар боғ боқӣ хоҳад монд.

Аммо Суннатуллои Азизулло, узви ҳизби коммунист мегӯяд, ки агарчанде Шотемур шахсияти барҷастаи миллат аст, ҷои Ленинро гирифта наметавонад ва коммунистон ба барандохтани ҳайкали доҳӣ роҳ нахоҳанд дод.

Аммо коршиносон рабт додани сабаби таъхир дар амри гузоштани хишти аввали шаҳраки Шотемурро ба номукаммали дар таҳияи қарорҳо боварибахш намешуморанд. Ба фикри коршиносон, алҳол дар доираи таҷлили Рузи Ваҳдати соли оянда дар вилоят сохтмон ва навсозии 42 иншоот , ки «ҷашнӣ» ном гирифтаанд, идома дошта, ҳукумат бо эҳсоси «вазнин»-ии сохтмони шаҳрак дар шароити бӯҳрони молиявӣ бо баҳонаи як хато маросими хишти аввали ин сохтмони дар сатҳи вилоят бузургро то соли оянда мавқуф гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG