Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинги навини FIFA байни 207 дастаи миллӣ 7 зина поён фуромад ва дар радифи 155-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон байни 46 тими мунтахаби Осиё дар зинаи 28-ум мавқеъ дорад, дар Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Узбакистону Қазоқистону Туркманистон ва пеш аз Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 14-ум ҷой гирифтааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъашро дар радифи 6-ум нигаҳ доштааст. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA:
3. Латвия (56)
4. Литва (59)
5. Беларус (74)
6. Узбакистон (79)
7. Молдова (87)
8. Гурҷистон (103)
9. Эстония (112)
10. Арманистон (123)
11. Қазоқистон (130)
12. Озарбойҷон (137)
13. Туркманистон (145)
14. Тоҷикистон (155)
15. Қирғизистон (160).

Дастаи миллии Бразилия дар садри феҳристи FIFA қарор дорад. Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Русия, Инглистон, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) инҳоянд:
Австралия (16)
Ҷопон (39)
Кореяи Ҷанубӣ (48)
Эрон (61)
Арабистони Саудӣ (64)
Баҳрайн (65)
Узбакистон (79)
Уммон (80)
Қатар (85)
Кореяи Шимолӣ (86).

Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар феҳристи FIFA аз рӯи натоиҷи бозиҳояшон дар мусобиқоти мухталифи расмию рафиқона ҷойгир шудаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон имсол ягон бозӣ анҷом надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG