Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасри Сафед: Ба Кореяи Шимолӣ чизе ваъда надодаем


Маъмурияти президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, дар муқобили раҳоии ду хабарнигори амрикоӣ ба Кореяи Шимолӣ ҳеҷ имтиёзе қоил нашудааст. Барномаи ҳаставии Кореяи Шимолӣ ин кишварро дар ҳоли муқовимат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол як мансабдори маъмурияти Обама гуфт, собиқ президенти ИМА Бил Клинтон, ки дар раҳоии хабарнигорон саҳм гирифтааст, аснои сӯҳбаташ бо Ким Чен Ир ба раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки раҳоии хабарнигорон роҳро "барои иҷрои иқдомҳои нек" боз мекунад. Рӯзи сешанбе бидуни эълони пешакӣ Клинтон ба Пхенян рафта, раҳоии Еюна Лӣ ва Лаура Лингро баҳс намуд. Ин ду зани рӯзноманигор моҳи март дар наздикиҳои марз бо Чин боздошт шуда, ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Ба қавли Қасри Сафед аҳли хонаводаи рӯзноманигорони маҳбус аз ҳукумати ИМА тақозо кард, ки раҳоии онҳоро дархост намояд.
XS
SM
MD
LG