Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори 2 нафар бо оташи ҳавопаймои бесарнишин


Афсарони амниятии Покистон мегӯянд, дар минтақаи қабилаҳои Покистон, ки истеҳкоми толибони маҳаллӣ дониста мешавад, мушаки ҳавопаймои бидуни сарнишини эҳтимолан амрикоӣ як хонаро тахриб намуда, ҳадди ақалл ду нафарро ба ҳалокат расонд. Ба қавли ҳамин манбаъ хонаи тахрибшуда дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ манзили зисти падарарӯси ҷангсолори покистонӣ Байтулло Маҳсуд ва кушташудагон ҷангҷӯён будаанд. Хешовандони Маҳсуд мегӯянд, ки бар асари мушакборон ҳамсари Маҳсуд ҳалок шуда, чор фанзанди ӯ захм бардоштанд. Аммо манбаъҳои расмӣ куштори ҳамсари Маҳсудро тасдиқ накардаанд.

Ҷангҷӯёни зери назорати Маҳсуд дар як идда бомбгузориҳои маргталабона дар қаламрави Покистон ва ҳамлаҳо болои нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон муттаҳам мебошанд. ИМА барои маълумоте, ки боиси боздошт ва ё куштори Маҳсуд хоҳад шуд, 5 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст.
XS
SM
MD
LG