Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии хабарнигорони амрикоӣ аз зиндон


Мулоқоти Билл Клинтон ва Ким Чен Ир дар Пхенян

Мулоқоти Билл Клинтон ва Ким Чен Ир дар Пхенян

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ иттилоъ дод, ки раҳбари он кишвар Ким Чен Ир ду хабарнигори амрикоии боздоштшударо авф кард ва онҳо аз маҳбас озод шудаанд.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки Ким Чен Ир хабарнигорон Июна Лӣ ва Лаура Лингро баъд аз мулоқоташ бо собиқ раисиҷумҳури Амрико Билл Клинтон бахшидааст. Тибқи иттилоъи Кохи сафед, Бил Клинтон бо “маъмурияти шахсӣ” барои кӯмак ба раҳоии журналистон ба Пхенян сафар кардааст.
То айни замон маълум нест, ки кай ба ин ду зан иҷозати бозгашт ба ватанро хоҳанд дод.

Билл Клинтон рӯзи сешанбе бо дархости раҳоии Июна Лӣ ва Лаура Кинг бо як сфари аз қабл эълонношуда ба Пхенян рафт. Кохи Сафед мегӯяд, аъзои хонаводаи ин хабарнигорон аз Клинтон хостаанд, ки ба озодии онҳо мусоидат кунад.

12 соли зиндон барои убури марз

Хабарнигорон Лӣ ва Кинг дар моҳи марти соли ҷорӣ баъд аз убури ғайриқонунии марз миёни Чин ва Кореяи Шимолӣ боздошт шуданд. Додгоҳи Пхенян онҳоро барои содири “ҷинояти сангин” ба 12 соли корҳои иҷбории вазнин маҳкум кард.

Қаблан ҳукумати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз раҳбари Кореяи Шимолӣ хоҳиш карда буд, ки ба ҳайси “аломати башардӯстона” хабарнигоронро раҳо кунад, аммо давлати Ким Чен Ир ин дархостро беҷавоб монд.

Обама ба Ким паём фиристода ё хайр?

Бино бар хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, зимни мулоқот дар Пхенян Билл Клинтон ба Ким Чен Ир паёми шифоҳии Барак Обамаро супурд ва раҳбари Кореяи Шимолӣ аз вай сипосгузорӣ намуд. Хабаргузорӣ инчунин гуфтааст, ки Билл Клинтон ва Ким Чен Ир дигар мавзӯъҳои мубрамро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед иддаоҳоро дар бораи таслими паёми шифоҳии Обамаро ба раҳбари Кореяи Шимолӣ рад карда, гуфт, ки Билл Клинтон ба Пхенян танҳо бо ташаббусси шахсиаш барои кӯмак ба раҳоии хабарнигорони боздоштшуда сафар кардааст.

Хабарнигорон Июна Лӣ ва Лаура Линг барои шабакаи телевизионии “Карент ТВ”, ки ба Алберт Гор, собиқ ноиби раисиҷумҳури Амрико дар ҳукумати Билл Клинтон марбут аст, кор мекарданд.

Ин дуввумин боздиди раисҷумҳурони собиқи Амрико аз Пхенян мебошад. Соли 1994 дигар президенти пешини Амрико Ҷиммӣ Картер низ аз Кореяи Шимолӣ дидан карда буд.

"Чизҳои мусбат"

Сафари Билл Клинтон дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳси Кореяи Шимолӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди барномаҳои ҳастаии он кишвар ба бунбаст ворид шудааст. Аммо маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, дар баҳои афви хабарнигорони амрикоӣ дар масъалаи баҳси барномаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ кадом имтиёзе пешниҳод накардааст. Аммо як мақоми баландпояи маъмурияти Обама гуфтааст, ки раисиҷумҳури собиқ Билл Клинтон бо раҳбарони Кореяи шимолӣ пиромуни “чизҳои мусбат”-е сӯҳбат кардааст, ки Пхенян метавонад дар баҳои раҳоии ин ду зан дарёфт кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG