Пайвандҳои дастрасӣ

Лансет: Юшенкоро бо ғараз заҳролуд карда буданд


Маҷаллаи тиббии чопи Британия навиштааст, заҳри диоксин, ки соли 2004-ум дар ҷисми он замон довталаби курсии президентии Украина Виктор Юшенко зуҳур намуда буд, маҳсули лаборатория мебошад. Ин хабар иддаоҳо дар бораи заҳролудкунии ҳадафмандонаи ӯро дубора доман зад. Юшенко моҳи сентябри соли 2004-ум дар шаҳри Киев баъди як зиёфат шадидан бемор шуд. Табибон баъди муоинаи Юшенко изҳор намуданд, ки дар хуни ӯ мизони диоксин аз меъёри маъмулӣ 50000 мартаба бештар аст. Дар шумораи ахири маҷаллаи Лансет, ки рӯзи чоршанбе ба табъ расид, омадааст, диоксини мавҷуд дар хуни Юшенко намунаи кушандатарини ин заҳр буда, осори он ғайри қобили ташхис аст. Соли 2004-ум Юшенко пешвои инқилоби норанҷии Украина буд ва баҳри коҳиши нуфузи Русияву таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ талош меварзид.
XS
SM
MD
LG