Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод бори дуюм савганд ёд кард


Имрӯз дар бинои Маҷлиси Шӯрои исломӣ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бори дуюм барои чор соли оянда савганди раёсатҷумҳурӣ ёд намуд. Эълони мақомот дар бораи пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи президентии 12 июн боиси мавҷи эътирозҳои кучагӣ гашта буд. Ду номзади ноком, сиёсатмадорони ислоҳотталаб Мирҳусейн Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ иддао карданд, ки дар интихобот тақаллуб ҷой дошт.

Президенти Эрон мегӯяд, интихоби дубораи ӯ ба маснади раёсатҷумҳурӣ оғози таҳаввули бузург дар Эрон ва идомаи саркашӣ аз тақозоҳои мамолики ғарбӣ мебошад.

Аҳмадинажод бояд дар давоми ду ҳафтаи оянда ҳукумати нави Эронро ташкил кунад.

Полис ва аъзои гурӯҳи ниманизомии Басиҷ мухолифини Аҳмадинажодро, ки ба нишони эътироз дар рӯ ба рӯи бинои парламенти Эрон ҷамъ шуда буданд, пароканда карданд.

Тибқи иттилои баъзе расонаҳо дар ҷараёни таъқиби эътирозгарон полис аз гази ашковар кор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG