Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Аҳмадинажод савганди президентӣ ёд мекунад


Имрӯз дар порлумони Эрон расми савганди Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳайси раисиҷумҳури ин кишвар баргузор мешавад. Нозирон мегӯянд, ҳеҷ яке аз чунин маросим дар Эрон дар чунин вазъи бӯҳронӣ ҷараён нагирифтааст. Мухолифон гуфтаанд, ҳукумати ҷаноби Аҳмадинажодро қонунӣ намешуморанд ва ба эътирози худ идома медиҳанд. Раиси додгустарии Эрон, оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ аз ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии кишвар хостааст, дар ин рӯз "ба хотири инқилоб ва ислом муттаҳид шаванд ва душманро дилсард кунанд."
Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Аҳмадинажод раҳбари интихобшудаи Эрон аст. Аммо ҳамзамон, аз Вошингтон хабар мерасад, ки президенти ИМ , Барак Обама нақша надорад, оғози даври дувуми раёсаташро ба Маҳмуди Аҳмадинажод табрик бигӯяд. Раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ва сарвазир Олмон, Ангела Меркел, сарвазири Британия Гордон Браун низ эълом доштанд, ки ҳеҷ табрикномае барои Аҳмадинажод омода накардаанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, танҳо сафири Шветсия дар Эрон, Магнус Вернстедтв дар расми савганди Аҳмадинажод ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG