Пайвандҳои дастрасӣ

Гутфугӯи телефонии Обама ва Медведев


Мақомоти Русия мегӯянд, президенти ин кишвар, Дмитрий Медведев ба раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама занг зад ва ду раҳбар талошҳои коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ва ҳамчунин вазъ пиромуни Гурҷистонро баррасӣ кардаанд. Ҳангоми сафари Обама ба Маскав ду тараф ба идомаи созишномаи соли 1991, мавсум ба СТАРТ ризоият дода буданд, аммо тарҳи наве ҳанӯз омода нашудааст. Мӯҳлати бақои ин қарордод дар моҳи декабри соли равон ба поён мерасад. Хабаргузориҳо мегӯянд, Обама ва Медведев инчунин масъалаҳои марбут ба Ховари Миёна, Эрон ва равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG