Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико имкони мусаллаҳсозии Гурҷистонро рад намекунад


Як мақоми аршади низомии Амрико гуфтааст, кишвараш бо вуҷуди ҳушдори Русия, эҳтимоли ба Гурҷистон додани системҳои таслиҳотиро рад намекунад. Ёвари вазири дифоъи Амрико, Александр Вершбоу дар ҷаласаи Сенат дар Вашингтон гуфт, кӯмаки ҳарбӣ ба Гурҷистон рӯи тамрину омӯзониши ҳарбиёни гурҷӣ тамаркуз дорад, вале вай изофа кард, ки "шаклҳои дигари кӯмак" низ аз мадди назар дур нестанд. Суханони ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки ноиби вазири умури хориҷии Русия, Григориӣ Карасин, гуфт, Иёлоти Муттаҳида "дар таҳкими нерӯҳои Гурҷистон ва таъмини онҳо бо аслиҳаи муосир нақши калидӣ мебозад" ва ин ба гуфтаи ӯ, "ба манфиати демократия дар Гурҷистон" нест.
XS
SM
MD
LG