Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон маҳбусони собиқро ба Амрико баргардонд


Сухангӯи раисиҷумҳури собиқи Амрико, Билл Клинтон, мегӯяд, Клинтон ва ду журналисти озодшудаи амрикоӣ бо муваффақият Кореяи Шимолиро тарк карда, дар роҳ ба сӯи Лос-Анҷелес мебошанд. Еюна Ли ва Лаура Линг аз моҳи март, баъд аз убури марзи Кореяи Шимолӣ аз Чин дар боздошт ба сар мебурданд. Додгоҳ онҳоро ба 12 соли ҳабс ва меҳнат дар урдугоҳ маҳкум карда буд. Клинтон бо як сафари аз пеш эълоннашуда вориди Кореяи Шимолӣ шуд ва дар мулоқот бо раҳбари ин кишвар, Ким Чен Ир, ба озодии хабарнигорон даст ёфт. Матбуоти давлатии Кореяи Шимолӣ хабар дод, ки Клинтон аз номи боздоштшудагон маъзарат хост ва ба ҳусни нияти президент Барак Обама истинод кард.
XS
SM
MD
LG