Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои ҳукумати Осетияи Ҷанубӣ


Рабҳари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон -- Осетияи Ҷанубӣ, Эдуард Кокойтӣ, ҳукумати сарвазир Аслонбек Булатсевро ба истеъфо фиристод. Вай сабабҳои марбут ба саломатиро дар ин бобат далел овард. Истеъфои ҳукумат дар арафаи солгарди ҷанги Русия ва Гурҷистон дар ин минтақа ба амал омад. Ин ҷанг рӯзи 8-уми августи соли гузашта сар шуда, 5 рӯз давом карда буд. Кокойтӣ ҳамчунин ин хабарҳоро низ рад накард, ки Осетияи Ҷанубӣ метавонад, рӯзе ба як бахши Русия табдил ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG