Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви ду журналисти амрикоӣ дар Кореяи Шимолӣ


Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ иттилоъ дод, ки раҳбари он кишвар Ким Чен Ир ду хабарнигори амрикоии боздоштшударо авфи, ба гуфтаи ин манбаъ, "махсус" кард ва онҳо аз маҳбас озод шудаанд. Хабаргузорӣ гуфтааст, Ким хабарнигорон Еюна Ли ва Лаура Лингро баъд аз мулоқоташ бо собиқ раисиҷумҳури Амрико Билл Клинтон бахшидааст. Ба гуфтаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Билл Клинтон бо “маъмурияти шахсӣ” барои кӯмак ба озодии журналистон ба Пхенян сафар кардааст. Ду хабарнигор аз моҳи март, баъд аз убури марзи Кореяи Шимолӣ аз Чин дар боздошт ба сар мебурданд. Додгоҳ онҳоро ба 12 соли ҳабс ва меҳнат дар урдугоҳ маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG