Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Австралия


Мақомоти Австралия аз ишфои тарҳи як ҳамлаи маргталабонае хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо “бадтарин” ҳамла дар таърихи ин кишвар мебуд.

Пулиси федеролии Австралия, чаҳор нафарро боздошт кардааст, ки ба гуфтаи пулис, мехостанд, ба як пойгоҳи низомии кишварашон ҳамлаи ғофилгиронаи маргталабона анҷом диҳанд. Ин афрод шаҳрвандони сомалӣ ва лубнонитабори Австралия буда ва гуфта мешавад, бо гурӯҳи тундрави исломии Ал-Шабоб дар Сомалӣ иртибот доштаанд, ки онро дар навбати худ яке аз шарикони Ал –Қоида медонанд.

Бино ба гуфтаи пулиси Австралия, ин чаҳор ҷавоне ки бештар аз 25 сол доштаанд, мехостанд, бо силоҳҳои нимаавтоматӣ ба пойгоҳи низомии Ҳолворфӣ дар ҷанубуғарби шаҳри Сидней ҳамла кунанд. Ҳадафи ниҳоии онҳо, то замони ҳалокаташон қатли ҳарчӣ бештари теъдоди сарбозон будааст.

Кевин Рууд – нахуствазири Австралия, дар як он пулиси федеролӣ ва хадамотии иттилоъотии Эй Эс Ай О-и кишварашро ситоиш кард, ки сари ин қазия кор мекарданд: “Ман ин оҷонсиҳоро барои кори муштарак ва ҳамоҳангшуда ситоиш мекунам, ки ба боздоштҳои имрӯза расонд. Ҳукумати Австралия пайваста гуфтааст, ки хатари мудавоме аз тероризм аз дохил ва хориҷи Австралия вуҷуд дорад. “

Чаҳорсад нафар аз маъмурони амниятии Австралия ба 19 маҳалли шаҳри Мелбурн дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар юриш бурдаанд. Эҳтимол меравад, дар робита ба ин парванда афроди дигареро ҳам дастгир кунанд. Сабабҳои амалкарди афроди муттаҳам маълум нест, вале Австралия, ки дар Ироқу Афғонистон сарбоз дорад, як ҳадафе барои тундравони исломӣ маҳсуб мешавад, ки мухолифи дахолати хориҷӣ ба он кишварҳо мебошанд. Тайи ҳафт соли гузашта 90 шаҳрванди Австралия дар ҳамлаҳои терористӣ дар Индонезия кушта шудаанд.

Тонӣ Негус - раҳбари иҷроияи пулиси федеролии Австралия, ба хабарнигорон гуфт, ҳадди аққал яке аз боздоштшудаҳо барои тамрин дидан дар урдӯгоҳҳои Ал-Шабоб ба Сомалӣ сафар кардааст. Ба гуфтаи Тонӣ Негус, он ҷавон мехостааст, барои ҳамла ба Австралия фатво бигирад. Пулис ва хадамоти иттилоъотии Австралия муддати ҳафт моҳ ин афродро таҳти назорат дошта ва онҳоро дар наздикиҳои пойгоҳи низомии Ҳолсворси ва дигар таъсисоти низомӣ дидаанд.

Боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки дар Австралия муҳокимаи Шон Кент, як муттаҳам ба тероризм идома дорад. Шон Кент шаҳрванди Австралия, ки ба ислом гаравидааст, ҳафтаи гузашта эътироф кард, ки мехост, дар як чорабинии азими варзишӣ дар шаҳри Мелбурн бомберо мунфаҷир кунад. Ҳашт ҳамроҳи ӯро барои тарҳрезии ҳамла дар бозии марҳилаи ниҳоии Лигаи Олии Футболи Австралия, ки 92 ҳазор бинанда дошт, ба зиндон маҳкум кардаанд.

Созмони Ал- Шабоб дар Сомалӣ қисмати бисёре аз манотиқи ҷанубӣ ва марказии Сомалиро таҳти назорат дорад ва раҳбараш Мухтор Алӣ Робов мебошад. Ин гурӯҳ, ки хостори таъсиси як низоми сахтгиронаи исломӣ аст, ба зидди ҳукумати Сомалӣ ва шарикони ҳабашистонии он меҷангад.
XS
SM
MD
LG