Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри феҳристи сармоядорони Тоҷикистон


Сӯҳроб Қосимов - дар рӯйхати саҳмиядорони меҳмонхонаи "Тоҷикистон"
Сӯҳроб Қосимов - дар рӯйхати саҳмиядорони меҳмонхонаи "Тоҷикистон"

Вазорати молияи Тоҷикистон феҳристи саҳмиядорони асосии ширкатҳои бузург ва бонкҳои Тоҷикистонро мунташир кардааст. Дар ин феҳрист номҳои ошно кам нест.

Рӯйхати "миллионерҳо"?

Ин рӯйхат дар сомонаи вазорати молияи Тоҷикистон дар Интернет нашр шудааст:

http://minfin.tj/downloads/bnoao.xls

Албатта, номи саҳмиядорони ширкатҳои миллии шакли идораи кушода мунташир шудааст. Ва ин иқдом бо тақозои созмонҳои байналмилалии молии коршарики Тоҷикистон ва хоса Сандуқи Байналмилали Пул (СБП) амалӣ мешавад. Аммо ҳадаф аз он нашри ин рӯйхат чист? Ва донистани рӯйхати сармоядорон аз ҷониби мардум чӣ аҳамият дорад? Аз сӯи дигар оё ифшои номи саҳомдорни ин ширкатҳо барои амнияти шахси онҳо хатаре нахоҳад дошт?

Нашри феҳрасти саҳмиядорони ширкатҳои бузурги шакли идораашон кушодаи Тоҷикистон аз сӯи вазорати молияи ин кишварро
Дар ин рӯйхат номҳои ошное, аз ҷумла дар миёни саҳомдорони меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Тоҷиддин Пиров ва Сӯҳроб Қосимов сабт шудаанд.
коршиносон як иқдоми нек арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи мақомот ва таҳлилгарон нашри ин рӯйхат ба манзури ҷой уфтодани фарҳанги шаффофият дар тиҷорат, ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо ва дигар амалкардҳои мақомот дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Таҳти фишор ё чӣ?

Нашри феҳристи саҳомдорони ширкатҳо дар Тоҷикистон бо тақозои бархе созмонҳои молӣ ва СБП амалӣ мешавад ва ҳадафи аслии он низ эътимодсозӣ ва афзоиши боварӣ миёни ниҳодҳои Тоҷикистон ва созмонҳои молӣ ва сармоягузор мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон ин феҳристро замоне нашр мекунанд, ки таҳти фишори ниҳодҳои байналмилалии молӣ барои дарёфти восита ва қарзҳои навбатӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин дар зимистони имсол Бонки миллии Тоҷикистон низ фишурдаи натиҷаи аудити ин бонкро нашр кард. Тибқи он гузориш, ки низ бо дархости СБП нашр шуда буд, чандин маврид гум шудани восита ва ё пули қарзгирифтаи Тоҷикистон ва дасткории мақомот дар ин кор ошкор шудааст. Аз ҷумла Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин гузориш дар ғайримақсад истифода тақсим кардани садҳо миллион доллар барои воҳидҳои кишоварзӣ шарик дониста шудааст. Дар ҷои дигаре аз ин гузориш ҳамчунин ҳамчунин аз бархӯрди манофеъи бонкдорон ва ширкатҳои вобастаи онҳо низ ишора шудааст. Ва нашри рӯйхати саҳмиядорони ширкатҳои миллии Тоҷикистон акнун аз сӯи вазорати молия низ таҳти ҳамон шароит сурат мегирад.

Саҳми Сӯҳроб Қосимов дар "Тоҷикистон"

Дар ин рӯйхат номҳои ошное, аз ҷумла дар миёни саҳомдорони меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Тоҷиддин Пиров, раиси «Тоҷиксодиротбонк» ва Сӯҳроб Қосимов, раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ва фармондеҳи собиқи бригадаи таъйиноти махсуси вазорати умури дохила, сабт шудаанд.

Вале бархе дигар таҳлилгарон мегӯянд, ки бо ин иқдом наметавон шафофияти комилро дар иқтисоди Тоҷикистон таъмин кард. Зеро ҳанӯз ҳам сармоя ва иқтисоди пушти парда ва шахсиятҳои дар соя ошкор нашудаанд. Ва бархе касоне, ки номашон дар феҳрист зикр шудааст, бо эҳтимоли зиёед аз мансабдорони мақомотҳои радаҳои мухталифи ҳукумат намояндагӣ мекунанд, то аз худашон.

Бархӯрди манофеъ

Аз ин рӯ, бо нашри ин феҳраст камокон як мушкиле, ки боқӣ мемонад, боз ҳам бархӯрди манфиъатҳо хоҳад буд.

Аммо суоли дигар ин аст, ки оё мунташир кардани феҳристи саҳмиядорони ширкатҳои бузург метавонад боиси нороҳатии хотир онҳо шуда ва нигарониеро аз лиҳози амниятӣ барои онҳо эҷод кунад? Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, албатта, наметавон аз ин лиҳоз нигарон набуд, аммо боз ҳам шароит назар ба чанд соли пеш дар Тоҷикистон барои сармоядорӣ беҳтар аст. Ва нашри рӯйхати сармоядорон ғолибан бо мувофиқати шахсии онҳо сурат гирифтааст ва шояд онҳо аз лиҳози амниятӣ ин мувофиқати худро дуруст ҳисоб карда бошанд. Аз сӯи дигар, танҳо фоизи ин саҳмияҳо нишон дода шудаст, на миқдори пули саҳмия. Ба ин хотир шояд ҷои нигаронии зиёде надошта бошад.

Ба ҳамин тартиб, ин дувумин маврид ифшосозии фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз сӯи мақомот, аммо бо дархости созмонҳои молии байналмилӣ мебошад. Дар навбат ифшои аудити бузургтарин корхонаи Тоҷикистон - ширкати ТАЛКО ва ё корхонаи алюминии Тоҷикистон мебошад. Аудити ин корхонаи ахиран мавриди баҳсҳои пурсарусадо аз як соли пеш дар ҷараён аст ва то кунун натоиҷи он эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG