Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Тошканд ба нақшаҳои Русия


Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Канти Қирғизистон

Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Канти Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Узбакистон ба барномаи истиқрори боз як воҳиди низомии Русия дар ҷануби Қирғизистон изҳори эътироз кардааст.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар изҳороташ бо сароҳат ба қасди Маскаву Бишкек дар мавриди истиқрори нирӯҳои бештари артиши Русия дар қаламрави Қирғизистон мухолифат нишон дода, гуфтааст, кадом зарурате барои истиқрори нирӯҳои изофии нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷануби Қирғизистонро намебинад ва ин барномаро ғайри мувофиқи мақсад медонад.

Дар баёнияе, ки вазорати умури хориҷии Узбакистон тавассути хабаргузории расмии “Ҷаҳон” нашр кард, гуфта мешавад, ки иҷрои
Ин ҳама дар ниҳоят метавонад ба ҷиддан бесубот шудани авзоъ дар ин минтақаи бузург бирасонад
барномаҳое, чун таъсиси пойгоҳи нави низомии Русия дар як қаламрави ба қадри кофӣ мураккаб ва ғайриқобилипешгӯӣ, ки он ҳам дар марзи байни 3 кишвари Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, метавонад ба тақвияти равандҳои мусаллаҳшавӣ ва бурузи ҳар гуна ихтилофоти қавмӣ оварда, мунҷар ба шуюъи гурӯҳҳои тундрави ифротӣ шавад. Ба бовари Тошканд, ин ҳама дар ниҳоят метавонад ба ҷиддан бесубот шудани авзоъ дар ин минтақаи бузург бирасонад.

Эътирози вазорати хориҷаи Узбакистон ба ёддошти тафоҳумест, ки рӯзи 1 август байни Русияву Қирғизистон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ба имзо расид. Дар ин ёддошти тафоҳум роҳҳои такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳузури воҳидҳои низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон ва ҳамчунин истиқрори нирӯҳои изофии артиши Русия дар қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст.

Тайи як моҳи охир бори дуввум аст, ки Тошканд дар масъалаи таъсиси пойгоҳи дуввуми Русия дар Қирғизистон расман изҳори эътироз мекунад.

Александр Храмчихин, коршиноси аршади Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои сиёсиву низомӣ, мақараш дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, эътирози Узбакистон ба мавқеъи Маскав таъсире расонда наметавонад, чунки Тошканд дар муқобили Маскав фишангу аҳроми кофии фишор дар ихтиёр надорад. Аммо ба эътиқоди ин коршинос, эътирози Тошканд, албатта, метавонад дар мавзеъгириҳои баъдии Бишкек дар қиболи масъалаи таъсиси ин пойгоҳ як андоза таъсир гузорад ва Бишкекро маҷбур кунад, ба дидгоҳ ва муносибати ин ҳамсояи қудратмандаш низ бияндешад. Аммо ба сурати умум, Александр Храмчихин мӯътақид аст, ки бо танҳо як баталйон наметавон ба кадом аҳдофи бузурги низомие дар минтақа ноил шуд: “Бо нирӯи як баталйон ба ягон ҳадаф наметавон расид ва аз ин лиҳоз таъсиси ин пойгоҳ маъное надорад. Аз ин нигоҳ нигаронии Узбакистон низ ғайри қобили фаҳм аст. Таъсиси ин пойгоҳ ягон маъно надорад ва Маскав аслан бар асоси комплексҳои равониаш рафтор мекунад ва мехоҳад бо ин роҳ нуфузи низомиаш дар Осиёи Марказиро таҳким бахшида, тавозунро бо Амрико нигоҳ бидорад.”

Константин Затулин, раҳбари Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, мухолифати Узбакистон ба таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистонро аломати адами пойбандии Тошканд ба тааҳҳудоташ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ медонад ва мегӯяд, Тошканд бояд билохира интихобашро кунад, ки муттаҳиди кист? Константин Затулин меафзояд: “Ман дар ин пойгоҳ кадом таҳдиде барои Узбакистонро намебинам. Албатта, агар ин нуктаро сарфи назар кунем, ки Узбакистон худ барои бархе аз кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ, дастикам барои Тоҷикистон, манбаъи таҳдид аст. “

Масъалаи таъсиси пойгоҳи нави Русия дар ҷануби Қирғизистон моҳи дуввум аст, ки баҳси маҳофилро дар минтақа гарм нигоҳ медорад. Ва дар ҳоле ки Тошканд мухолифи афзоиши ҳузури низомии Русия дар Осиёи марказист, раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар моҳи июл дар мусоҳибааш бо рӯзномаи амрикоии "New York Times" гуфта буд, музокироти байни Маскаву Бишкек пиромуни таъсиси на як пойгоҳи нави низомист, балки сухан дар бораи таъсиси як маркази зиддитеррор меравад, ки ба гуфтаи оқои Боқиев, Бишкеку Маскав аз он ба сурати муштарак истифода хоҳанд бурд: “Ин пойгоҳ нест, ин маркази зиддитеррор аст ба хотири мубориза бо терроризми байналмилалӣ. Яъне дар он ҷо шояд марказе таъсис биёбад, ки дар он шеваҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ки дар ҷануби кишвари мо ҳамеша ва ҳар лаҳза метавонад зуҳур кунад, таълим дода хоҳанд шуд. Дар ин марказ сарбозони мо ва асокири Русия муштаракан шеваҳои чунин муборизаро хоҳанд омӯхт.”

Аммо манобеъи низомӣ дар Маскав гуфтаанд, ки таъбири “маркази тамринии зиддитеррор” танҳо ба хотири таскин додани нигаронии кишварҳое, назари Узбакистон аст ва дар асл пойгоҳи нав, ки ғолибан дар Ӯш сохта хоҳад шуд, пойгоҳи ҳавоии Русия дар минтақаи Кант, маркази мухобироти артиши дарёии Русия дар вилояти Чуи Қирғизистон ва маркази озмоиши таҷҳизоти низомии дарёӣ дар Иссиқкӯлро такмил хоҳад кард.

Коршиноси низомии рус Александр Собянин мегӯяд, пойгоҳи ҷадид дар вилояти Ӯши Қирғизистон ҳамроҳ бо пойгоҳи мавҷудаи Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи дивизияи 201-ум таъсис ёфтааст, як камари муҳками амниятиеро ташкил хоҳад дод, ки амниятро дар қаламрави бузурге сар карда аз Олтойи Русия то ба дарёи Хазар таъмин мекунад.

Амрико низ аз замони шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар минтақаи Хансӣ, дар ҳошияи фурудгоҳи Манас, дар наздикии Бишкек, як пойгоҳи низомиашро мустақар кардааст, ки ба таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон машғул аст. Бишкек дар моҳи феврал баъди онки аз Русия ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ба иқтисодашро дарёфт кард, аз Амрико хост, ки нирӯҳояшро дар зарфи 180 рӯз аз Манас берун бикашад. Аммо дар тобистони имсол Амрикову Қирғизистон пиромуни тамдиди замони ҳузур ва фаъолияти пойгоҳи Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манас ба тавофуқ расиданд.
XS
SM
MD
LG