Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон Кобулро мушакборон карданд


Ҷангҷӯёни Толиб ба пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул дасти кам ҳашт мушак андохтанд, ки яке аз бузургтарин ҳамлаҳои онҳо дар солҳои ахир маҳсуб мешавад. Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки бар асари ин ҳамла як кӯдак маҷрӯҳ шудааст. Мушакҳо ба маҳалҳои гуногуни Кобул, аз ҷумла маҳалли сафорати Амрико дар Афғонистон суқут кардаанд. Гурӯҳи Толибон гуфт, бо ҳадафи нишон гирифтани фурудгоҳи байналмилалӣ ва қароргоҳҳои артиши Афғонистон ба шаҳри Кобул 12 мушак андохтаанд. Ҷангҷӯёни Толиб ҳамлаву бедодгариро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳур дар Афғонистон афзоиш додаанд.
XS
SM
MD
LG