Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳми "Барқи Тоҷик" ба корхонаи "Талко"


Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, чанде аз вазорату корхонаҳои азими кишвар бо беэътиноӣ ба масъалаи пардохти ҳаққи нерӯи барқ, барои ин ширкат дарди сарҳои зиёде офаридаанд. Нозирҷон Ёдгорӣ - сухангӯи “Барқи Тоҷик”, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, вазорати обёрӣ ва захираҳои об, вазорати кишоварзӣ, корхонаи “Талко” ва “Тоҷиказот” аз қабили чунин муассисаҳоянд, ки миллионҳо доллар ҳаққи нерӯи барқро напардохтаанд. Аз ҷумла вазорати обёрӣ бештар аз 25 миллион ва корхонаи “Талко” ҳудуди 22 миллион доллар аз ширкати “Барқи Тоҷик” қарздор будаанд. Ширкати мазкур, ки қодир ба пардохти саривақти молиёти давлат нест, гуфтааст, ки бинобар аҳамияти зиёдашон вазорату корхонаҳои мазкур "раҳм" намуда ва онҳоро аз нерӯи барқ маҳрум намекунад.
XS
SM
MD
LG