Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари Эрон аз сарнавишти се амрикоӣ


Ҳукумати Эрон таъйид кард, ки се шаҳрванди Амрикоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба хоки Эрон дар наздикии марзаш бо Ироқ боздошт кардааст. Эраҷ Ҳассанзода - муовини устондори Курдистони Эрон, ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, он се нафар амрикоӣ дар наздикии шаҳри Маривон дастгир шудаанд ва тафтишот дар ин замина идома дорад. Бино ба гузоришҳо, се нафар аз саёҳони амрикоӣ ҳангоми кӯҳнавардӣ дар минтақаи кӯҳистони марзии миёни Ироқу Эрон, нодониста ба хоки Эрон гузашта ва рӯзи ҷумъа дастгир шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико аз Эрон хостааст, бозгашти амни амрикоиҳо ба ватанашонро тазмин диҳад.
XS
SM
MD
LG