Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви ҳолати омодабош дар вазорати умури дохила


Тавилдара - саҳнаи нооромиҳои ахир

Тавилдара - саҳнаи нооромиҳои ахир

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими раҳбарияти ин ниҳод баъд аз боздошт шудани бародарони Неъмат Азизов – Раҳмиддин ва Зайдуллоҳ ва афроди ҳамроҳи онҳо гирифта шудааст. Оқои Асадуллоев гуфт, дар ҳоли ҳозир тамоми кишвар таҳти назорати ҳукумат қарор дорад ва ҳоло кормандони вазорати корҳои дохила ба низоми оддии адои хизмат гузаштаанд.

Эъзоми нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ба шарқи ин кишвар дар моҳи майи соли равон дар паи бурузи сарусадоҳо дар бораи пайдо шудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар он минтақа сурат гирифта буд. Дар он амалиёт, ки мақомоти расмии Тоҷикистон мегуфтанд, дар чаҳорчӯби амалиёти саросарии «Кӯкнор-2009» сурат мегирад ва таъқибу боздошти гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддирро ба ҳадаф дорад, маъмурони куллия ниҳодҳои қудратии кишвар ширкат доштанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 11 нафар, бо шумули Мирзо Зиёев, фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Тавилдара ва вазири собиқи ҳолоти изтирории Тоҷикистон, кушта шуданд. Мақомот ҳамчунин дар бораи кушта шудани фармондеҳи дигари собиқи м ухолифин Неъмат Азизов, мулаққаб ба "Шайх Неъмат" ва ҳалокати дастикам 5 шаҳрванди Русияву боздошти дастикам 10 шаҳрванди он кишвар дар шарқи Тоҷикистон хабар доданд. Аммо теъдоди умумии боздоштшудагон дар чаҳорчӯби амалиёти вижа дар Тавилдара то ҳол эълон нашудааст.

Мақомот ба хотири бозрасиҳои оянда аз ифшои шумори боздоштшудагон дар Тавилдара худдорӣ мекунанд. Минтақаи Тавилдара - саҳнаи аслии рӯёрӯиҳои байни нирӯҳои давлат ва мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ( солҳои 1992-1997) аз авоили моҳи майи соли ҷорӣ ба дунболи бурузи сарусадоҳо дар бораи зуҳури дубораи гурӯҳҳои силоҳбадаст, аз ҷумла фармондеҳи пешин ва аз кишвар фироркардаи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов дар он минтақа дигарбора дар сархати ахбор аз Тоҷикистон қарор гирифт.

Мақомот аммо тайи муддати тӯлоние эъзоми нирӯҳои изофӣ ба шарқи Тоҷикистонро ба амалиёти саросарии "Кӯкнор-2009" бастагӣ медоданд, вале баъд аз кушта шудани фармондеҳи аршади нирӯҳои мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзо Зиёев дар таърихи 11 июл воқеъияти авзоъ дар минтақаи Тавилдара каме рӯшантар шуд, ки масъалаи Тавилдара аз чаҳорчӯби танҳо амалиёти таъқиби қочоқбарони маводи мухаддир хеле фаротар будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG