Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл Клинтон дар Куриёи Шимолӣ


Ба иттилоъи хабаргузории “Ёнҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ, Билл Клинтон – раиси ҷумҳури пешини Амрико, ба Куриёи Шимолӣ рафтааст, то дар амри раҳоии ду хабарнигори амрикоӣ кӯмак кунад, ки дар он кишвар ба 12 сол кори иҷбории сахт маҳкум шудаанд. Июна Лии ва Лаура Лингро ба вуруди ғайриқонунӣ ба Куриёи Шимолӣ ва “ҷиноятҳои сангин” муттаҳам гунаҳкор дониста ва чунин ҷазо додаанд. Ин ду нафар барои гузоришдиҳӣ аз марзи Чин вориди кишвари пӯшида ва коммунистии Куриёи Шимолӣ шудаанд. Хабаргузории “Ёнҳап” мегӯяд, Билл Клинтон бо мақомоти Куриёи Шимолӣ дар бораи сарнавишти он зиндониён гуфтӯгу мекунад. Кохи Сафед ва вазорати умури хориҷаи Амрико аз шарҳи ин хабар худдорӣ варзидаанд. Сафари Билл Клинтон дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳси Куриёи Шимолӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди барномаҳои атомии он кишвар ба бунбаст ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG