Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқодҳо аз Исроил барои кӯчонидани фаластиниҳо


Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Исроилро барои кӯчондани фаластиниҳо аз хонаҳояшон дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ шадидан таҳти танқид қарор дода, онро як ҳодисаи ғайри қобили қабул ва таассуфангез унвон карданд. Полиси Исроил рӯзи якшанбе наздик ба 50 фаластиниро аз манзилҳояшон дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки зери ишғоли нерӯҳои исроилӣ қарор дорад, ба ҷойи дигар кӯч доданд, то ки яҳудиён ба ҷойи онҳо ин манзилҳоро ишғол кунанд. Вазири умури хориҷии АМрико, Ҳилларӣ Клинтон ин рӯйдодро нигаронкунанда номид.
XS
SM
MD
LG