Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба мулоқоти Барак Обама ва Ҳуснӣ Муборак


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак рӯзи 18-уми август барои мулоқот бо президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Вошинтон сафар хоҳад кард. Қарор аст, дур раҳбар як силсила масъалаҳо, аз ҷумла сулҳи Ховари Миёна, мубориза бо тундгароӣ ва дигар таҳдидҳои минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард. Муборак, ки аз соли 1981 ба ин сӯ раисиҷумҳури Миср аст, аз солдидатарин раҳбарони муосир мебошад. Охирин бор вай бо Обама ҳангоми сафари дувумӣ ба Қоҳира дар мояи июн барои нашри паёмаш ба ҷаҳони ислом мулоқот карда буд.
XS
SM
MD
LG