Пайвандҳои дастрасӣ

Урдун пешниҳоди ИМ дар бораи Исроилро рад кард


Урдун ба дувумин кишвари Ховари Миёна табдил меёбад, ки даъвати Иёлоти Муттаҳидаро ба беҳбуди равобит бо Исроил ба хотири эҳёи сулҳи минтақа рад мекунад. Пас аз дидор бо вазири умури хориҷии Амрико, Ҳолларӣ Клинтон ҳамтои урдуниии ӯ Носир Юдеҳ гуфт, "муносибати майдаву реза ҳаргиз ба сулҳ роҳ нахоҳад кушод ва бояд аз он парҳез кард. Айни чунин мавзеъгирӣ аз тарафи вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал-Файсал рӯзи 31-уми июл низ пас аз мулоқот бо Клинтон садо дода буд. Ҳукумати Обама талош дорад, барои эҳёи гуфтушуниди исроилӣ ва фаластиниҳо пуштибонии давлатҳои арабро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG