Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ зидди миёнарави сулҳ бо Толибони Свот


Мақомоти Покистон бар зидди рӯҳоние парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки дар имзои созиши нокомшуда бо Толибон дар водии Свот миёнаравӣ карда буд. Раиси полиси Свот, Соҷид Муҳаммад гуфт, рӯҳонӣ Сӯфӣ Муҳаммад дар кӯмак ба терроризм, таблиғ ва пинҳонкории зидди ҳукумат айбдор мешавад. Сӯфӣ Муҳаммад падарзани раҳбари Толибони Свот, Мавлоно Фазлуллоҳ мебошад. Вай дар моҳи феврал ба созиши байни Толибон ва ҳукумат мадад кард, ки ба думболи он дар Свот шариати исломӣ ҷорӣ гардид. Созиш дар моҳи апрел, ба думболи амалиёти нерӯҳои покистонӣ дар Свот шикаст хӯрд. Нозирон мегӯянд, ифтитоҳи парванда баёнгари ин аст, ки ҳукумат дигар ба гуфтушуниду созиш бо ситезаҷӯён иқдом нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG