Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон мегӯяд, ҳадафи мушакборон қарор ёфтааст


Гурҷистон мегӯяд, як посгоҳи полиси он дар наздикии минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ҳадафи мушакборон қарор ёфтааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Гурҷистон, Шота Утиашвлиӣ гуфт, аз мушакандозӣ ба посгоҳи гурҷӣ дар наздикии деҳаи Плависманӣ касе зарар надидааст ва нерӯҳои Гурҷистон оташи ҷавобӣ накушодаанд. Раҳбари Осетияи Ҷанубӣ, Эдуард Кокойтӣ, гуфт, субҳи рӯзи душанбе, нерӯҳои Русия пас аз иттиҳоми Гурҷистон, ки онҳо ба тағйир додани марзҳои Осетияи Ҷанубӣ сар кардаанд, тамринҳои ҳарбиро оғоз карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG