Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори дабири нави Паймони Атлантики Шимолӣ


Андерс Фоғ Расмусен, Дабири нави НАТО, мегӯяд, паймон бояд аз табдил шудани Афғонистон ба паноҳгоҳи террористон пешгирӣ кунад. Вай ҳамчунин гуфт, Паймони Атлантики Шимолӣ дар таъмини амният ва бозсохти Афғонистон ба кӯмаки бештари Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо ниёз дорад. Расмусен, сарвазири собиқи Дания, сарварии Паймони Атлантики Шимолиро рӯзи шанбе ба даст гирифт ва дар нахустин нишасти хабарияш рӯзи душанбе гуфт, НАТО коршарикии ҳақиқии раҳбурдиро бо Русия ба роҳ хоҳад монд. Вай афзуд , НАТО бояд аз Русия талаб кунад, ки ҳамаи ӯҳдадориҳои байнулмилалияш, аз ҷумла эҳтироми тамомияти арзии ҳамсоягонашро эътироф кунад.
XS
SM
MD
LG