Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Исроил ваъдаи истеъфо кард


Вазири умури хориҷии Исроил, Авгидор Либерман, гуфт, агар додситони кулли Исроил ба думболи полиси ин кишвар ӯро дар фасод айбдор кунад, аз мақомаш дар ҳукумат ва ҳам аз раёсати ҳизби "Исроил -- хонаи мо" истеъфо хоҳад дод. Полиси Исроил рӯзи якшанбе ба додситони кулли ин кишвар тавсия кард, ки Либерманро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла ришвадиҳиву ришваситонӣ, пулшӯӣ, ҷилавгирӣ аз адлия ва тарсондани шоҳидон айбдор кунад. Либерман аз шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG