Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 афсари полиси Русия дар Чеченистон


Дар Чеченистон панҷ афсари полиси Русия дар натиҷаи як ҳамла ба онҳо аз камингоҳ кушта шуданд. Сухангӯйи полис мегӯяд, мусаллаҳон шоми якшанбе қатори мошинҳои полисро дар наздикии шаҳраки Итумқалъаи Чеченистон, 65-километрии ҷануби Грозни, ҳадафи ҳамлаи ногаҳонӣ қарор доданд. Дар як рӯйдоди дигар, се корманди Вазорати умури изтирории Русия дар Ингушетия, ҷумҳурии ҳамсоя ба Чеченистон аз тирандозии афроди номаълум ба ҳалокат расидаанд. Ва як корманди полис шаби гузашта дар Доғистон ба зарби гулӯла кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG