Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои ҷадид дар Теҳрон


Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ имрӯз расман пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июнро тасвиб кард. Хоманаӣ орои , ба гуфтаи ӯ, “бесобиқа”-и бадастовардаи Аҳмадинажодро аломати таъйиди натоиҷи кори давлати ӯ аз ҷониби мардум номид. Аммо Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамӣ, ду раисиҷумҳури собиқи Эрон, дар маросими имрӯза ҳузур надоштанд, ки аломати норизоияти онҳо талаққӣ мешавад.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамагӣ чанд соат баъд аз тасвиби расмии пирӯзии Аҳмадинажод шумори зиёде аз тазоҳургарон ба кӯчаҳои Теҳрон рехтанд. Аммо пулис ва нирӯҳои шибҳанизомии Басиҷ савори мотосикл талош кардаанд, тазоҳургаронро пароканда кунанд. Расми адои савганди Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи чоршанбе барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG