Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳусни таваҷҷӯҳи русҳо ба ақвоми ғайр


Бар асоси як назарсанҷие, ки созмони ВТСИОМ анҷом додааст, ҳусни таҳаммули мардуми Русия нисбат ба мардуми ғайр беҳтар шуда, аз ҷумла нисбат ба аҳли Осиёи Марказӣ 4 маротиба хубтар шудааст.
Тибқи натоиҷи ин назархоҳӣ, аҳли Русия бештар аз ҳама нисбат ба худ назари хуб доштаанд. 11 дарсад ба мардуми Украина ва 13 дарсад ба беларусҳо ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, дар маҷмӯъ назари 31 дарсади мардуми Русия нисбат ба ақвоми славян мусбат будааст.
4 дарсади пурсидашудагон нисбат ба мардуми кишварҳои Осиёи марказӣ ҳусни таваҷҷӯҳ нишон додаанд, ки назар ба 1 дарсади соли гузашта 4 маротиба бештар аст.
Аммо тибқи ин назарсанҷӣ, нигоҳи 29 фоизи мардуми Русия нисбат ба халқҳои Қафқоз манфӣ будааст. 4 дарсад иқрор кардаанд, ки лӯлиҳоро бад мебинанд. 3 дарсад аз адами муҳаббати худ ба амрикоиҳо хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG