Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз амонатгузорони бахши бонки «Эсхата» дар шахри Чкалов шикоят мекунанд, ки раиси бахши мазкур Зулфиқор Азизов маблағҳои пасандози даҳҳо амонатгузоронро бо асноди сохта аз худ намуда, ахиран баъди аз вазифа сабукдӯш гаштан фирор кардааст.

Амонатгузорони пасандозҳои худро аз даст дода мегӯянд, ки раҳбарияти нави бахши бонки мазкур кафолати баргардонидани амонатҳои пулии онҳоро бар уҳда нагирифт.

Амонатгузоштагон, ки то имрӯз беш аз 20 нафари онҳо маълум шуда, маблағҳои пасандозашон аз даҳҳо ҳазор доллари ИМА иборат аст, мегӯянд, арзҳои батакрори онҳо ба раҳбарияти бонки мазкур ва мақомоти мухталиф то ҳол натиҷае надодааст.

Яке аз онҳо Гулрухсор Ҳакимова, сокини шаҳри Чкалов, дар ин бора чунин мегӯяд, «се ҳафта боз сарсону саргардонам. Ман се фарзанд дорам. Шавҳарам ду маълумоти олӣ дорад, ҳозир дар Русия мардикорӣ мекунад. Ман пулҳои фиристодаи вайро ба бахши бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкалов гузошта будам, ки аз ҳисоби 25 фоиз суди солона каме зиёд шавад. Чанд соли пеш аз бонк фоидаи пасандозро мегирифтам. Аммо аз моҳи май боз на фоида, ҳатто маблағи пасандозамро бозпас доданӣ нестанд».

Баҳри Ҳоҷибоева, дигар аз амонатгузоштагон, меафзояд, «ба мо мегӯянд, ки ҳуҷҷатҳоятон қаблакӣ аст. Аммо мо 10 сол боз бо ҳамин хел ҳуҷҷатҳо бо бонк додугирифти пулӣ мекардем. Чаро то имрӯз ягон кас аз раҳбарони бонки «Эсхата» ба мо нагуфтанд, ки ин кори нодуруст аст, шуморо фиреб карда истодаанд? Аввал онҳо ба ваъда карданд, ки пулҳотона бармегардонем, ҳозир мегӯянд, ки не, равед, ба куҷо хоҳед, арз кардан гиред.»

Мирзоиброҳим Иброҳим, мудири бахши маркетинги бонки «Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи қазияи амонатгузорони фиребхӯрдаи бахши бонки мазкур дар шаҳри Чкалов додситонии ҳамин маҳал парванда боз кардааст.

Ба гуфтаи вай, раҳбарияти бонки «Эсхата» Зулфиқор Азизов, раиси бахши бонки мазкур дар шаҳри Чкаловро баъд аз ошкор намудани додугирифти пулии ғайриқонунӣ бо пасандозгузорандагон аз вазифа сабукдӯш кард ва тафтиши кори ӯро аз додситонӣ тақозо кард.

Оқои Иброҳимов меафзояд, «санадҳоро тафтиш мекунанд, ки амонатгузор чӣ қадар маблағ ва чӣ тавр гузоштааст, оё Азизов аз ҳуҷҷатҳои бонк бо роҳи сохтакорӣ истифода кардааст ё не. Ҳамин тавр, ин ниҳод расман муайян хоҳад кард, ки масъулияти бозпардохти пасандозҳои амонатгузоронро бар дӯши кист, раиси пештара ё бонк, инро додситонӣ муайян хоҳад кард».

Вай афзуд, ки бонки «Эсхата» дар сурати аз ҷониби додситонӣ бар дӯшаш гузоштани масъулият маблағҳои пасандозгузорони фиребхӯрдаро бе каму кост ба соҳибонаш бозгардонад. Дар акси ҳол, эҳтимол дорад амонатгузоштагон аз пасандозҳои худ маҳрум гарданд.

Ин гуна ёдҳои талхи аз даст додани пасандозҳои якумраи худ аз хотири насли миёнсол ва кӯҳансоли имрӯзи тоҷик дар гузаштаи на чандон дури таърихи Тоҷикистон, ҳангоми касби истиқлолият ва таъсиси пули миллӣ ва ивази он нарафтааст.

Аз рӯи гуфтаи Иброҳимов, раиси пешини бахши ин бонк дар Чкалов, ба ҷуз бонкдорӣ корхонаи бузурги хусусиашро ихтиёрдорӣ ва бо одамон додугирифтҳои пулӣ мекард.

Вай афзуд, шумори афроде, ки пасандозҳои худро ба дасти раиси пешини бахши бонк гузоштаанд, ҳанӯз пурра маълум нест ва то имрӯз ҳам нафарони нав ба нав ба масъулини бонк дар бораи аз даст рафтани пасандозҳояшон шикоят меоранд.

Бонки «Эсхата» аз нахустин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар соли 1994 идораи марказияшро дар шаҳри Хуҷанд ва баъд аз он бахшҳои худро дар манотиқи дигари кишвар боз карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG