Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон боздошти боз як гурӯҳи мусаллаҳ ва боз як шаҳрванди Русия дар ноҳияи Тавилдараро таъйид карданд.

Муҳамадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ гуфт, то маълум шудани ҷузъиёт аз тафсили бештари мавзӯъ худдорӣ хоҳанд кард.

Аммо тибқи бархе аз манобеъи дигар, субҳи душанбе дар пайи миёнҷигии модари Неъмат Азизов, раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ, ки ҳафтаи гузашта ба ҳалокат расид, бародарони ӯ - Раҳмиддин ва Зайниддин ба мақомоти ҳукумати Тоҷикистон таслим шудаанд.

Неъмат Азизов, ки бо гурӯҳаш ба узвият дар ҲИУ муттаҳам мешуд, 29 июл дар амалиёте аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуда буд.

Тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, модари Неъмат Азизов бо хоҳиши мақомоти ҳукуматӣ ба маҳалли будубоши писаронаш рафта, хостори ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим шудани онҳо шудааст. Онҳо аз амри модар сар напечида, ба хона баргаштаанд ва бадоҳатан мақомот онҳоро ба бозпурсӣ даъват кардаанд.

Боздошти шаҳрванди 10-уми Русия дар Тавилдара

Шиносномаи яке аз шаҳрвандони Русия ва аъзоҳои гуруҳи мусаллаҳ, ки ахиран дар Тавилдара дар натиҷаи як даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуд
Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта телевизиони Тоҷикистон як гузоришро бар пояи нишондодҳои Муҳаммад Сабиуллоев, ҷангии доғистонии гурӯҳи Аъзам Панҷара, коршарики Неъмат Азизовро дубора ва бо тафсил пахш кард. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тавилдара атбои хориҷӣ низ будаанд, аз ҷумла шаҳрвандони Русия.

Қаблан мақомот аз боздошти чор тани онҳо дар Душанбе ва кушта шудани 4 тани дигар дар шарқи кишвар иттилоъ дода буданд.

Муҳаммад Сабиуллоев русиягии 10–ум аст, ки ба асорат афтидааст. Ӯ ҳангоми посух ба суолҳои рӯзноманигори телевизион мегӯяд, Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки низ рӯзи 12 июл ба таври мармуз кушта шуда буд, размандагони аз Русия омадаро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст.

Дар бораи Аъзам Панҷара - чеҳраи дигар дар шаҳодати оқои Сабиуллоев ҳамин қадар аз манобеи ғайрирасмӣ маълум шуд, ки ӯ зодаи ноҳияи Панҷ буда, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз фармондеҳони таҳти сарварии Мирзо Зиёев буд ва то ба ҳол дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара ба сар мебарад.

Муҳаммад ё худ Магомед Сабиуллоев (тавре дар санадҳояш навишта шудаст) ҳамчунин афзуд, Немат Азизов ва дигар ҷангиён бар ин андеша буданд, ки Мирзо Зиёев онҳоро фурӯхтааст.

Тавилдара – истгоҳ дар роҳ ба он сӯи Омӯ

Коршиносон мегӯянд, шаҳодати Сабиуллоев бархе аз пӯшидагиҳои асрори ҳаводиси Тоҷикистонро ошкор мекунад, ки то ин лаҳза барои ҷомеа номаълум буданд.


Амруллои Собир, коршинос дар масоили амниятӣ, мегӯяд, қаблан мақомот мегуфтанд, ки онҳо аз Покистон омадаанд, аммо дар асл кор баръакс аст: ин ҷангиҳо мехостанд, тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Покистон раванд.

Коршинос мефзояд, «онҳо барои он дар Тоҷикистон дармонданд, ки вақте чанд гурӯҳ ба Афғонистон гузаштанд, сарусадоҳо зиёд шуд. Мақомот маълум карданд, ки ба Тавилдара як гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ меояд. Ин гурӯҳҳо аз шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳастанд, ки узви Ал-Қоида ҳастанд. Онҳо барои кӯмак ба ҳамразмонашон ба Вазиристон мерафтанд. Яке мегӯяд, ки Мирзо Зиёев моро фурӯхт. Яъне ин ба он маъност, ки ӯ моро гузаронида натавонист ва мо ин ҷо ба даст афтодему кушта шудем».

Ва дар посух ба ин суол, ки оё Неъмат Азизов ва дигарон ба ин гурӯҳҳо чӣ рабт доштанд, оқои Собир гуфт, «Неъмат Азизов бояд онҳоро сарпаноҳ медод, омода мекард, лозим мешуд, силоҳу пул медод ва кӯмак мекард, ки аз дарё гузаранд».

Коршиносон мегӯянд, шаҳодати боздоштшудагон боз собит хоҳад кард, ки дар шарқи Тоҷикистон дар асл чӣ таҳаввулот рух додааст. Онҳо мегӯянд, сароғоз амалиёти «Кӯкнор-2009» шубҳаангез буд, аммо ба он хотир ки дар шарқи Тоҷикистон ҳукумати ин кишвар тарҳҳои хеле муҳим, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳое ба монанди Роғунро дар назар дорад, ин гуна бархӯрд ҳадафмандона аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG