Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмулан фасли гармои тобистон фасли тақдирсоз барои ҷавононест, ки аз пушти мизи мактаби миёна роҳ ба сӯи мактаби олӣ мегиранд.

Онҳо довталаби макотиби олианд, ки соатҳо паси дари синфхонаҳо интизорӣ мекашанд. Албатта, гиряву шодӣ, оғушкӯшоиву бо чашмони пурашк аз синфхона берун шудани довталабон як саҳнаи маъмулии макотиби олӣ дар мавсими имтиҳонсупорӣ аст. Ё баҳои хубу донишҷӯӣ ва баъдан дарёфти касбу кори хуб, ё баҳои баду сари хам ва бозгашт ба деҳаву шаҳри худ.

Яъне ин саҳнаест, ки дар 28 мактаби олии Тоҷикистон мешавад дар давраи имтиҳонҳои қабул онро мушоҳида кард. Бале, дар ин 28 мактаби олии Тоҷикистон бештар 156 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки чунин саҳнаи интизориву ҳасоси довталабиро пушти сар кардаанд. Аз ин шумора ҳар сол бештар аз 12 ҳазор нафар донишҷӯ макотиби олиро хатм карда ва роҳ ба сӯи кор ва дарёфти ҳосили заҳмати панҷсола мегиранд.

Ба таври анъана Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи техникӣ дар Тоҷикистон аз маъруф ва бообрӯтарин макотиби олӣ аст. Ва бештар волидайн талош мекунанд, ки фарзандонашон соҳиби ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, журналистӣ, тарҷумонӣ, ҷарроҳиву дандонпизишкӣ шаванд ва дар солҳои ахир бо манзури ояндаи бахши энержӣ ва коммуникатсия ба факултаҳои энержӣ, барномасозии компутарӣ шомил шаванд.

Аммо мушарраф ба унвони донишҷӯ шудан хеле ҳам мушкилиҳову заҳмат ва хароҷот дорад, ки на ҳар нафар довталаб имкони пушти сар кардани онро дорад. Ва ман - Барот Юсуфӣ , дар ин шумораи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» бо шумо меравем ба меҳмонии довталабону устодон, дар ин рӯзҳои тақдирсози довталабон, ки кадоме чӣ пешаеро интихоб кардааст ва оё ба донишу нирӯи худ бовар доранд?



Албатта, ҳоло дарёфти унвони донишҷӯ барои дотавлабони ҳамсӯҳбатам мушаххас нест, зеро имтоҳоноти зиёде дар пеш доранд, аммо солҳои ахир нигаронӣ аз дониши хатмкардагони макотиби олӣ зиёд мушоҳида мешавад ва коршиносон тахмин мезананд, ки маҳз пораву фасод дар макотиби олӣ, ба хусус барои дохил шудан ба ин макотиб заминаи аслии бесавод мондани донишҷӯён аст.

Аммо устозон ба дониши довталабоне, ки аз пушти мизи мактаби миёна ба донишгоҳу донишкадаҳо дар соли ҷорӣ омадаанд, чи гуна баҳо медиҳанд.



Дар сӯҳбату гуфтугӯҳо мутахассисони таҷрибадор шикоят мекунанд, ки дар солҳои ахир хатмкардагони макотиби олӣ дониши кофие ҷиҳати кор кардан дар ихтисоси худро надоранд. Нигаронии онҳо бештар дар бахши тибб аст, ки бо ҳаёти инсон сару кор доранд. Инҷо меравем ба сӯҳбати як табибе, ки таҷрибаи чандинсолаи корӣ дорад ва аз ӯ мепурсем, ки ба донишу таҷрибаи пизишкони солҳои ахир донишгоҳҳоро хатмкарда чӣ назар дорад.

Ҳамчунин дар идома сӯҳбати нафаре меравад, ки замоне донишҷӯ буд ва имрӯз бекор ва ба қавле «дипломашро зери болишт гузоштааст» ва низ довталабе, ки мехоҳад танҳо бо донишҳи худ пас чанд соле ҳам бошад донишҷӯ шавад.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед



Ба Баҳриддин дар ин роҳи интихоб карда ва қарори хеле қатъии пеш гузоштааш пирӯзӣ хоҳонем ва итминон дорем, ки дар соли нахусти довталабӣ ба унвони донишҷӯӣ мушаррафф гардад. Зеро дар ин замонаи хеле мушкил теъдоди инчунин довталабонро мешавад ба ангушт шуморид.

Аммо тавре дарёфтед, донишҷӯ шудан дар шароити феълӣ маънии онро дорад, ки бояд довталаб қабл аз ҳама сармояи кофие барои шомил шудан ва таҳсили и панҷсоларо дошта бошад. Зеро аксаран нафароне, ки ба дониши худ зиёд мутмаин нестанд, бо усулҳои мухталиф, ҳатто бо ришват додан ба макотиби олӣ шомил мешаванд шомил мешаванд.

Мардум дар сӯҳбатҳои хоси худ шикоят мекунанд, ки ҳар факулта ва донишгоҳ арзиш ва ё бо истилоҳ «ставка»-и худро доштааст. Ва маҳз ҳамин арзишҳои ғайриқонунӣ садди роҳи садҳо хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мешаванд, ки орзуи донишҷӯиро барои ҳамешагӣ дар қалби онҳо хомӯш мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG