Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 319 тани дигар дар Шинҷон


Хабаргузории давлатии Чин хабар дод, ки боз 319 нафари дигар бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбҳои хунини қавмии моҳи гузашта байни қавми Ҳан ва ақаллияти уйғур дар вилояти Шинҷон дастгир шудаанд. Давлати Чин ба дунболи ошӯбҳои рӯзи 5 июл дар маркази Шинҷон, шаҳри Урумчӣ, алакай беш аз 1600 нафарро боздошт карда буд. Дар ошӯбҳои қавмии Урумчӣ наздики 200 нафар кушта ва 1700 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG