Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сӯфӣ Муҳаммад


Мақомоти Покистон алайҳи Сӯфӣ Муҳаммад, рӯҳонии миёнҷӣ дар муомилаи сулҳи моҳи феврал бо ҷангиёни водии Свот, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Раҳбари пулиси Свот Соҷид Мӯҳманд гуфт, Сӯфӣ Муҳаммад ба мусоидат ба терроризм, таҳрик ба ошӯб ва тавтиъаи зидди давлат муттаҳам мешавад. Сӯфӣ Муҳаммад падарарӯси Мавлоно Фазлуллоҳ, раҳбари Толибон дар водии Свот буда, бо миёнҷигии ӯ дар моҳи феврал байни давлат ва ҷангиёни толиб тавофуқе ҳосил шуд, ки эъмоли қонунҳои шариъатро дар ин водӣ иҷозат медод. Нозирон мегӯянд, иқдоми мақомот алайҳи Сӯфӣ Муҳаммад ҳокист, ки Исломобод дигар қасди музокирот бо ҷангиёнро надорад.
XS
SM
MD
LG