Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як узви ҲИУ дар Исфара


Мақомоти вилояти Суғд дар бораи боздошти боз як узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон хабар доданд. Рустам Олимов, соҳибкори 24-сола аз шаҳри Исфара, дар ҳамдастӣ ба як ҳамлаи 4 соли пеш алайҳи кормандони милиса дар шаҳри Конибодом муттаҳам мешавад, ки бар асари он ҳамла ду корманди милиса кушта шуданд. Мақомоти умури дохила мегӯянд, силоҳбадастони марбут ба ҲИУ он рӯз савори мошине будаанд, ки ба Рустам Олимов тааллуқ дошт.
XS
SM
MD
LG