Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири НАТО дар бораи Афғонистон ва Русия


Андерс Фог Расмуссен, дабири нави паймони низомии НАТО, гуфт, ин паймон бояд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи террор ҷилавгирӣ кунад. Расмуссен гуфт, НАТО дар амри таъмини амният ва эъмори муҷаддади Афғонистон ба кӯмаки бештари Амрико ва ИА зарурат дорад.
Расмуссен, сарвазири собиқи Дания, рӯзи шанбе расман ба курсии дабири кулли НАТО нишаст.
Дар нахустин нишасти хабариаш ба ҳайси дабири кулли НАТО, ӯ ҳамчунин хостори рушди ҳамкории дар воқеъ стротежӣ бо Русия шуд, аммо афзуд, НАТО бояд исрор биварзад, то ки Русия ба ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, аз ҷумла ба тамомияти арзии ҳамсоягонаш эҳтиром қоил шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG