Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотеҳаи Аҳмадинажод ба даври дуввуми раёсат


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар расми тасвиби давраи дуввуми раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар расми тасвиби давраи дуввуми раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод
Аҳмадинажод рӯзи чоршанбе бо адои савганди нав ба давраи дуввуми раёсатҷумҳуриаш оғоз хоҳад кард. Эълони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихобот дар моҳи июн мунҷар ба бурузи эътирозоти густарда дар Эрон шуд.

Номзадҳои шикастхӯрда Маҳдии Каррубӣ ва Мирҳусайн Мӯсавӣ гуфтанд, ки интихобот пуртақаллуб буд. Муҳофизакорон ба навбаи худ ислоҳталабонро дар талоши инқилоби рангаӣ ба хотири барандохтани низоми ҷумҳурии исломӣ айбдор карданд.

Дар ҷараёни эътирозҳои Эрон ҳудуди 30 нафар кушта шуда, мақомот беш аз 100 нафарро бо иттиҳомоти марбут ба эътирозҳои пасоинтихоботӣ ба додгоҳ эҳзор карданд.

Дар маросими имрӯза Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамӣ, ду раисиҷумҳури пешини Эрон, ҳузур надоштанд. Ҳарду дар интихобот аз номзади ислоҳталаб Мирҳусайни Мӯсавӣ пуштибонӣ мекарданд ва пирӯзии Аҳмадинажодро эътироф надоранд.

Аммо Алии Хоманаӣ дар маросими имрӯзаи тасвиби расмии пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод орои , ба гуфтаи ӯ, “бесобиқа”-и бадастовардаи Аҳмадинажодро аломати ризоияти мардум аз амалкардҳои давлати ӯ номид.

Дар интихоботи 12 июн дар маҷмӯъ 4 номзад вориди рақобат шуда буд.Теҳрон алакай як рӯз баъд аз интихобот эълон кард, ки ин маъракаро бо касби 62 дарсади оро Маҳмуди Аҳмадинажод бурдааст.

Аҳмадинажод бори аввал дар соли 2005 раисиҷумҳури Эрон интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG