Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Аҳмадинажод расман тасвиб шуд


Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ имрӯз расман пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июнро тасвиб кард.
Аҳмадинажод рӯзи чоршанбе бо адои савганди нав ба давраи дуввуми раёсатҷумҳуриаш оғоз хоҳад кард. Эълони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихобот дар моҳи июн мунҷар ба бурузи эътирозоти густарда дар Эрон шуд. Номзадҳои шикастхӯрда Маҳдии Каррубӣ ва Мирҳусайн Мӯсавӣ гуфтанд, ки интихобот пуртақаллуб буд. Муҳофизакорон ба навбаи худ ислоҳталабонро дар талоши инқилоби рангаӣ ба хотири барандохтани низоми ҷумҳурии исломӣ айбдор карданд.
Дар ҷараёни эътирозҳои Эрон ҳудуди 30 нафар кушта шуда, мақомот беш аз 100 нафарро бо иттиҳомоти марбут ба эътирозҳои пасоинтихоботӣ ба додгоҳ эҳзор карданд.
Дар маросими имрӯза Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамӣ, ду раисиҷумҳури пешини Эрон, ҳузур надоштанд. Аммо Алии Хоманаӣ орои , ба гуфтаи ӯ, “бесобиқа”-и бадастовардаи Аҳмадинажодро аломати ризоияти мардум аз амалкардҳои давлати ӯ номид.
XS
SM
MD
LG