Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатҳи баландтарин қуллаҳои Помир


Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар кӯҳҳои Помир 3-юми август ба кор шурӯъ кард.

Раъно Собирова, раиси Ширкати сайёҳии «Алп-Наврӯз», ба радиои Озодӣ гуфт, ин экспедитсия бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҳаракати байналмилалии даҳсолаи «Об - барои ҳаёт»таъсис ёфта, барои баргузории он Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» муваззаф шудааст.

Хонум Собирова афзуд: «Беш аз 100 кӯҳнавард аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон - Испониё, Фаронса, Чехия, Словения, Олмон, Эрон, ҳамчунин, кишварҳои Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ва назди Балтик, мисли Русия, Беларус, Укроин, Латвия, Литва, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон - барои фатҳи қуллаҳои ҳафтҳазорметраи Помир ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ҳамин ҳол аъзои экспедитсия дар урдугоҳи аслӣ - марғзори Москвин, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 4200 метр воқеъ аст, барои фатҳи қуллаҳо омодагӣ мегиранд. Пас аз мутобиқшавӣ ба шароити обу ҳавои ин ҷо кӯҳнавардон дар талоши фатҳи қуллаҳо хоҳанд шуд. Дастаи байналмилалӣ қуллаҳои баландтарини Помирро таҳти раҳбарии кӯҳнаварди маъруфи тоҷик, роҳнамо Шамсиддин Қаҳҳоров фатҳ хоҳад кард».

Ба гуфтаи Раъно Собирова кӯҳнавардон сараввал ба қуллаи Евгения Корженевская, ки баландиаш 7105 метр мебошад, мебароянд. Сипас кӯҳнавардон қуллаи беномеро, ки баландиаш 6230 метр аст, фатҳ хоҳанд кард ва он қуллаи "Озодӣ" номгузорӣ хоҳад шуд. Баъдан гурӯҳи кӯҳнавардони пуртаҷриба аз паи фатҳи баландтарин қуллаи Помир – қуллаи Исмоили Сомонӣ мешаванд, ки баландиаш 7495 метрро ташкил медиҳад.

Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар кӯҳҳои Помир корашро то 10-уми август идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG