Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири аршади иқтисодии Кохи Сафед мегӯяд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки иқтисоди ИМА дар нимаи дувуми соли ҷорӣ рушд хоҳад кард.

Ларри Саммерс, мушовири раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, “эҳтимоли бениҳоят бузурге ҳаст, ки дар нимаи дувуми сол мо шоҳиди болоравии шохисҳои иқтисодӣ шавем”.

Саммерс ва вазири молияи Амрико Тимотӣ Гейзнер зимни ширкаташон дар барномаи телевизионии NBC рӯзи якшанбе таъкид доштанд, ки барномаи ташвиқкунанда ва таҳрикдиҳандаи иқтисодии Обама, алорағми сатҳи бесобиқаи бекорӣ ва нигарониҳо дар робита ба тавваррум, дар ҳоли комёб шудан аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки собиқ раиси Бонки марказии Амрико Алан Гринспан дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии ABC вазъи иқтисодии кишварро бисёр хушбинона арзёбӣ намуд. Гринспан изҳори итминон намуд, ки дар мобайнҳои моҳи июл иқтисодиёт то ба поинтарин сатҳаш расида ва акнун рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Гейзнер ва Саммерс огоҳ карданд, ки афзоиши сатҳи бекорӣ, ки ҳоло 9 аз даҳ панҷ дар садро ташкил медиҳад идома хоҳад ёфт. Вазири молияи Амрико бо такя ба таҳлилгарони мустақил ҳушдор дод, ки рушди бекорӣ дар кишвар то миёнаҳои соли 2010 мушоҳида хоҳад шуд.

Гейзнер гуфт, ки аломатҳои заъфи бӯҳрон ба чашм мехӯранд ва дар муқоиса бо охири соли гузашта вазъ хеле беҳбуд ёфтааст. Вай афзуд ки дар охири соли 2008 иқтисод дар ҳолати уфти озод ва наздик ба фурӯпошӣ буд.

Бо вуҷуди ин вай таъкид намуд, ки ҳоло корҳои зиёдеро бояд анҷом дод ва сатҳи бекорӣ бесобиқа баланд ва нигаронкунанда аст ва ҳукумат бояд ба мардуми Амрико итминони фардои беҳтарро диҳад.

Тибқи гузориши охири вазорати бозаргонӣ, ки 31 июл интишор шуд, дар семоҳаи дуввум иқтисоди Амрико ҳамагӣ ба 1 дарсад коҳиш ёфт ва ин аз интизориҳои мутахассисон дида хеле беҳтар аст.

Мақомоти ҳукумати Амрико гуфтаанд, ҳангоми омадани Обама ба Кохи сафед маълум гашта буд, ки вазъи иқтисодӣ зиёда аз интизор бад аст, аммо барномаҳои беҳбуд асар мегузоранд.
XS
SM
MD
LG