Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши хунин дар Ҳирот


Таркиши бомбе, ки як ҳайъати нирӯҳои пулисро дар ғарби Афғонистон ба ҳадаф дошт, дасти кам 12 нафарро, ки ағлабаш афроди ғайринизомӣ будаанд, кушта ба ҷо гузошт.
Нурхон Некзод, сухангӯи раҳбари пулиси вилояти Ҳирот, гуфт, бар асари ин ҳамла, ки субҳи душанбе дар Ҳирот рух дод, ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Афзоиши ҳамалоти ҷангиёни толиб дар ҳолест, ки Афғонистон ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ мегирад. Ин маърака рӯзи 20 август доир мешавад.
XS
SM
MD
LG