Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

10 сол пеш Иттиҳоди мухолифони тоҷик эълони халъи силоҳ кард


Даҳ сол пеш дар рӯзи 3-вуми августи соли 1999 Иттиҳоди мухолифони тоҷик эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳеҷ гуна нерӯи мусаллаҳ надорад. Бахши аъзами мусаллаҳони оппозисюн ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон шомил гаштанд ва он афроде ки ба хидмати низомӣ ноомода дониста шуданд ва ё синнусолашон гузашта буд, силоҳи худро супурда, ба ҳаёти осоишта қадам ниҳоданд. Аммо, зоҳиран ин раванд дар вақташ ва солҳои баъд ба таври бояду шояд ба иҷро нарасид, ки ҳанӯз аз ҳамон соли 1999 сар карда ин ҷову он ҷо фармондеҳои саркаше зуҳур карданд, ки аз таслим кардани силоҳу муҳимот худдорӣ карданд ва ҳатто даргирӣ бо нерӯҳои давлатро идома доданд. Дар бархе аз ҳолат мақомоти давлат мусаллаҳони собиқро, ки ба ҳаёти осоишта баргашта буданд, аз нав мавриди таъқиб қарор доданд ва сабабгори ин шуданд, ки мусаллаҳон дубора маънии зиндагии худро дар шӯришу ошӯб ва ҷанг ҷустуҷӯ кунанд. Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, рӯйдодҳои ахир дар шарқи кишвар қисман ба ҳамин падидаҳо ва бештар ба вазъи Покистону Афғонистон бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG