Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи боз 10 боздоштшуда дар Теҳрон


Даҳ эътирозгари дигари мухолиф ба натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон мавриди муҳокимаи додгоҳи инқилобии Теҳрон қарор гирифтанд. Хабаргузории ИСНА мегӯяд, ин 10 нафар аз онҳое мебошанд, ки баъд аз интихобот ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ҷараёни саркӯб кардани эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон наздик ба 100 нафар боздошт шудаанд, ки дар байни онҳо чеҳраҳои саршиноси мухолифони Эрон ҳастанд. Раисиҷумҳури пешини Эрон, Муҳаммади Хотамӣ аз ин муҳокима шадидан интиқод кард ва онро хилофи қонуни асосӣ, қонунҳои мавҷуда ва ҳуқуқи шаҳрвандон номид.
XS
SM
MD
LG