Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ мегӯяд, аз Русия ҳарос дорад


Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ гуфт, кишвараш медонад, ки нахоҳад тавонист, аз роҳи ҳарбӣ қаламравҳои ҷудоихоҳи зери ҳимояти Русия бозпас гирифт, аммо ҳарос дорад, ки Маскав тарҳе барои Тифлис омода мекунад. Дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ройтерз" дар арафаи солгарди ҷанги Русия ва Гурҷистон, Саакашвилӣ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонист, Русияро барои "поккории қавмии сартосарӣ"-и гурҷиҳо аз Осетияи Ҷанубӣ ба ҷавобгарӣ кашад. Вай афзуд, ин ҷомеа аз баҳам задани манофеъи энержӣ ва тиҷоратии хеш меҳаросад. Русия рӯзи шанбе ҳушдор дод, ки барои дифоъ аз "иғвоҳо"-и Гурҷистон дар баробари Осетияи Ҷанубӣ аз "ҳамаи василаҳои мумкини ҳарбияш" истифода хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG