Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори се ходим дар Ингушистон


Шаби гузашта дар ҷумҳурии Ингушистони Русия 3 ходими вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар ба қатл расидаанд. Хабаргузории Интерфакси Русия навиштааст, ки ҳангоми сайри ходимони вазорат бо мошин силоҳбадастони номаълум онро мавриди оташ қарор додаанд. Вақтҳои ахир Ингушистони ҳамося бо ҷумҳурии Чеченистон ҳамчун маркази хушунат дар марзҳои ҷанубии Русия ёд мешавад. 22 -уми июни соли равон дар натиҷаи як сӯиқасд президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров шадидан захмӣ шуд.
XS
SM
MD
LG