Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоӣ муҷозоти масъулони амниятиро талаб кард


Рӯзи якшанбе довталаби нокоми курсии президенти Эрон Муҳсин Ризоӣ даъват кард, ки ходимони нерӯҳои амниятӣ, ки масъули ҳамла болои эътирозгарон мебошанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Хабаргузории Меҳр аз паёми собиқ раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоб ба раҳбари додгоҳи Эрон оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимӣ Шаҳрудӣ овардааст, ки масъулони ҳамла болои донишгоҳи Теҳрон, латту кӯби боздоштшудагон ва эътирозгарони осоишта бояд ба додгоҳ кашида шаванд. Дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ, ки баъди интихоботии Эрон ба вуқӯъ пайваста буд, тахминан 30 нафар кушта шуданд. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот наздик ба 2000 нафарро, ки бар зидди натиҷаҳои интихоботи президентии 12 июн эътироз доштанд, боздошт намуданд. Дар ин интихобот президенти кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG